Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Ғайрат Азиззода дар ҳошияи Конференсияи сеюми СММ оид ба кишварҳои рӯ тараққии маҳсур дар хушкӣ дар шаҳри Авазаи Туркменистон бо роҳбари гурӯҳи дӯстии байнипарламентии Туркменистон бо Тоҷикистон Гаипов Сердар мулоқот намуд. Зимни мулоқот Ғ. Азиззода иброз намуд, ки фаъолияти дуҷонибаи мо, аз ҷумла ҳамкориҳои байнипарламентӣ барои боз ҳам таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстии байни халқҳоямон заминаҳои мусоид фароҳам хоҳад овард. Маҳз вакилони парламент метавонанд дар фароҳам овардани фазои мусоиди қонунгузорӣ барои татбиқи Созишномаҳои дуҷониба, ки ба рушди тиҷорат, нақлиёт, фарҳанг, илму маориф ва ғайра мусоидат мекунанд, нақши муҳим бозанд.
Мо омодаем шароиту имкониятҳои баргузор намудани чорабиниҳои муштаракро, ки ба такмилу таҳкими заминаи қонунгузорӣ, коршиносӣ, табодули таҷриба ва дигар самтҳои муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳоямон нигаронида шудаанд, баррасӣ намоем, - изҳор намуд Ғ. Азиззода.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкориҳои байнипарламентӣ ҳалқаи муҳимми таҳкими шарикии стратегии Тоҷикистону Туркменистон гардида, саъю кӯшиши муштараки мақомоти қонунгузорӣ ба рушди муносибатҳои дуҷониба ба нафъи халқҳои ду кишвар мусоидат хоҳанд кард.
Дар мулоқот сафири Тоҷикистон дар Туркменистон Ниятбекзода Вафо низ иштирок намуд.