Санаи 25 августи соли 2026 дар бинои Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вохӯрии муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурозиқзода Лутфулло Давлат бо кормандони раёсат баргузор гардид.
Дар мулоқот раванди иҷрои дастуру супоришҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати гузариш ба иқтисоди рақамӣ дар доираи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025–2030)» ва татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сифату бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба кормандон ҷиҳати фаъол намудани хизматрасониҳои электронӣ, беҳтар кардани шаффофият ва баланд бардоштани саводнокии рақамӣ тавсияҳои мушаххас дода шуданд.
Бахши робита бо ҷомеаи Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.