Ҳадафи асосии ин сафар аз баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ, таҳкими ҷаҳонбинӣ, рушди фарҳанги сайёҳӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим иборат буда, зимни боздид иштирокчиён оид ба аҳмияти ҳифзу нигоҳдории мероси таърихию фарҳангӣ ва нақши он дар рушди сайёҳии дохилӣ маълумоти муфассал гирифтанд.
Ташкили чунин силсилахатсайрҳо ба дигар минтақаҳои сайёҳии мамлакат низ дар назар дошта шуда, давра ба давра роҳандозӣ карда мешавад.