Санаи 10 июли соли 2026 дар толори Кумита ҷаласаи Мушовараи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳокимаи натиҷаҳои фаъолияти мақомоти бехатарии озуқаворӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда баргузор карда шуд, ки дар кори он роҳбарият, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва сардорони раёсатҳои Кумита дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ШНТҶ, инчунин роҳбарони ташкилоту муассисаҳои зертобеи Кумита иштирок доштанд.
Сараввал доир ба фаъолияти Кумита дар нимсолаи аввали соли 2026 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда муовини якуми раиси Кумита Ширинҷонзода Маҳмуд ва сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва сардорони раёсатҳои Кумита дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ШНТҶ, инчунин роҳбарони ташкилоту муассисаҳои Кумита ҳисобот доданд.
Баъдан, раиси Кумита вобаста ба натиҷаи фаъолият аз роҳбарияти ҳар як раёсату шуъбаҳои дахлдор дар алоҳидагӣ пурсон шуда, роҷеъ ба мушкилот ва рафъи камбудиҳои дар пешрафти фаъолияти Кумита ҷойдошта, дастуру супоришҳо доданд.