Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур кормандони Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо кормандони Муассисаи давлатии маҷаллаи «Амнияти озуқаворӣ» фаъолона иштирок намуда, саҳми худро дар ободонӣ ва зебогардонии муҳити корӣ гузоштанд.
Зимни баргузории шанбегӣ корҳои васеи тозакунӣ ва ободонӣ анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, гирду атрофи биноҳо аз партовҳо ва алафҳои худрӯй тоза карда шуда, роҳравҳо, ҳудуди сабзазор ва дигар иншооти ёрирасон ба тартиб дароварда шуданд. Ҳамзамон, бо мақсади беҳтар намудани намуди зоҳирии биноҳо ва муҳайё намудани муҳити боз ҳам зебову ҷолиб, корҳои рангу боркунии қисматҳои берунии биноҳо низ ба анҷом расонида шуданд.
Бояд гуфт, ки ободу зебо нигоҳ доштани муҳити зист ва муҳити атроф яке аз нишонаҳои эҳтиром ба арзишҳои фарҳангию миллӣ ва ба шумор меравад. Аз ин рӯ, чунин иқдомҳо на танҳо барои беҳтар намудани шароити корӣ мусоидат мекунанд, балки дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва арҷгузорӣ ба неъмати бузурги истиқлол низ нақши муҳим доранд.
Қобили зикр аст, ки корҳои ободониву созандагӣ дар сохторҳои Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни муқаддаси миллӣ – 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста идома дошта, кормандони соҳа бо рӯҳияи баланди меҳнатӣ барои саҳмгузорӣ дар пешрафту шукуфоии Ватани азиз талош менамоянд.