15 июни соли 2026 дар бинои Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми раиси Кумита Ширинҷонзода Маҳмуд бо ҳайати ширкати малайзиягии «Mega Fortris Group», ки бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.Дар оғози вохӯрӣ муовини якуми раиси Кумита меҳмононро хайрамақдам гуфта, доир ба фаъолияти Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, самтҳои асосии фаъолияти он ва тадбирҳои амалишаванда ҷиҳати таъмини бехатарии озуқаворӣ, ҳифзи солимии ҳайвонот, таъмини амнияти фитосанитарӣ ва назорати сифату бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ маълумот пешниҳод намуд.Зимни вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба, истифодаи технологияҳои муосир дар самти таъмини амнияти борҳо ва контейнерҳо, рушди инфрасохтори логистикӣ, имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалӣ, ворид намудани маҳсулот ва хизматрасониҳои ширкати «Mega Fortris Group» ба бозори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷонибҳо инчунин оид ба имкониятҳои ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ, технологияҳои рақамӣ ва воситаҳои муосири назорату пайгирии ҳаракати борҳо мубодилаи афкор намуда, омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда иброз доштанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо аҳамияти рушди ҳамкориҳои мутақобилан судмандро таъкид намуда, изҳори умедворӣ карданд, ки натиҷаҳои вохӯрии мазкур барои роҳандозии ташаббусҳои муштарак ва таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.