Мутахассисони Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Данғара бо мақсади таъмини бехатарии байторӣ ва пешгирии паҳншавии бемориҳои ҳайвонот пеш аз ба чарогоҳҳои тобистона рондани чорво ба хоҷагидорон машварат ва дастурҳои соҳавӣ пешниҳод намуда, дар ин зимн ба соҳибони чорво оид ба риояи қоидаҳои санитарӣ-байторӣ, гузаронидани чораҳои пешгирикунанда ва омодасозии чорво барои мавсими чарониш тавсияҳои мушаххас доданд.
Ҳамзамон, мутахассисон гузаргоҳҳои безараргардонии чорворо аз назар гузаронида, ҳолати омодагии онҳоро барои таъмини амнияти эпизоотӣ мусбӣ ва роҳандозӣ намудани ин иқдомро ба манфияти солимии чорво арзёбӣ намуданд.