3 октябри 2026
Санаи 1 апрели соли 2026 дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) дар доираи лоиҳаи «Тавсияҳо оид ба сиёсати соҳавӣ барои ҳалли мушкилоти ғизои носолим дар заминаи системаи амалкунандаи агро-хӯрокворӣ» баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур Муовини якуми Раиси Кумита муҳтарам Ширинҷонзода Маҳмуд, намояндагони сохторҳои марбутаи Кумита ва коршиносони FAO иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба такмили сиёсати давлатӣ дар самти беҳтар намудани сифат ва бехатарии ғизо, рушди системаи агро-хӯрокворӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни суханронӣ Муовини якуми Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ таъкид намуд, ки бо ҳамкориҳои Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ, беҳтар намудани назорати байторию фитосанитарӣ, пешгирии бемориҳои сироятии ҳайвонот ва рушди устувори низоми агро-хӯрокворӣ аҳамияти муҳим доранд. Ҳамзамон зикр гардид, ки татбиқи чунин лоиҳаҳо метавонад барои таҳияи тавсияҳои амалӣ ва такмили сиёсати соҳавӣ дар кишвар мусоидат намояд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин доир ба роҳҳои коҳиш додани истеъмоли ғизои носолим, баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар самти ғизои солим ва таҳкими ҳамкориҳои техникӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар анҷоми ҷаласа Муовини якуми Раис омодагии Кумитаи бехатарии озуқавориро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар доираи лоиҳаҳои муштарак иброз намуда, аҳамияти таҳкими робитаҳои соҳавиро барои рушди устувори соҳаи амнияти озуқаворӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ муҳим арзёбӣ кард.