Санаи 21 марти соли 2026 раиси ноҳияи Зафаробод Муродзода Муқим Қаюм якҷоя бо намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзода Мустафо Одина ва муовини раиси вилояти Суғд Қосимӣ Файзулло дар ифтитоҳи марҳилаи дуюми фабрикаи паррандапарварии ҶСП "Зарнисор” иштирок намуданд. Бояд қайд намуд, ки дар ноҳияи Зафаробод дар доираи татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи паррандапарварӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида истодаанд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини аҳолӣ бо гушти парҳезии мурғ ва тухми хушсифат чораҳои зарурӣ роҳандозӣ мегарданд. Дар корхонаи иловагии фабрикаи паррандапарварии "Зарнисор" ҷараёни технологӣ пурра автоматӣ кунонида шудааст ва ҳарорати дохили парваришгоҳ, тозакунии хаво, додани обу ғизо тавассути технологияи муосир амалӣ мегардад. Хурокаи парранда дар худи корхона истеҳсол мегардад. Ғизои парранда асосан аз коркарди ғалладонагиҳо - гандуму ҷуворимакка, равғани офтобпарпаст, кунҷораи соя ва якчанд намуди маҳсулоти дигар омода мегардад. Дар иншоотҳои иловагӣ наздик 20 нафар бо ҷои кор таъмин мегарданд. Раиси ноҳия ва меҳмонон ба соҳибкор ва мутахассисон барои саҳми арзанда гузоштан дар ободии диёр изҳори сипос намуданд. Роҳбарияту кормандони фабрика ва сохтмончиён барои таваҷҷӯҳи доимӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ арзи сипос намуданд