Санаи 13 декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси роҳбарияти Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар кардани вазъи экологӣ, муҳайё намудани шароити ҳифзи муҳити зист, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба корҳои ободонию кабудизор гардонидани кишвар, инчунин ҷиҳати иҷрои «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаи Бустон бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои он шанбегӣ гузаронида шуд. Дар амалигардонии ин иқдом раиси Кумита Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло, инчунин кормандони раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳайати кормандони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва зерсохторҳои он ҳамасола дар рӯзҳои махсуси ниҳолшинонӣ фаъолона иштирок намуда, ҷиҳати коҳиш додани таъсири манфии тағйирёбии иқлим саҳмгузор мебошанд.