Дар ноҳияи Лахш маъракаи кишти баҳории картошка бо суръати баланд идома дорад. Имсол мувофиқи дурнамо кишт дар майдони 3320 гектар ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 568 гектар аллакай кишт гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 520 гектар зиёд…
Дар ноҳияи Лахш маъракаи кишти баҳории картошка бо суръати баланд идома дорад. Имсол мувофиқи дурнамо кишт дар майдони 3320 гектар ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 568 гектар аллакай кишт гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 520 гектар зиёд мебошад.
Кишоварзон бо истифода аз техникаи муосир ва тухмиҳои хушсифат корҳои саҳроиро дар муҳлатҳои муқарраршуда ба роҳ мондаанд. Риояи талаботи агротехникӣ, аз ҷумла шудгор, нуриандозӣ ва обёрии дуруст, барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ мусоидат мекунад.
Ноҳияи Лахш аз минтақаҳои муҳими картошкапарварӣ маҳсуб ёфта, маҳсулоти он барои таъмини бозори дохилӣ ва дигар минтақаҳо равона мегардад. Ин раванд дар таҳкими амнияти озуқавории кишвар нақши муҳим дорад.