Тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2026, №16/10-17, бо мақсади амалисозии банди 17-и Нақшаи чорабиниҳо вобаста ба иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2026, №АП-996 ҷиҳати даъвати мардум ба таҳкими корҳои ободониву созандагӣ ва тарғиби худшиносиву худогоҳии миллӣ, санаи 16 июли соли 2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш вохӯрию мулоқоти гуруҳи тарғиботӣ дар ҳайати Шодиён Исматулло – котиби Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мусоева Рафиқа Ғаниевна – узви Шӯрои ҷамъиятӣ ва Шарипов Абубакр - ҳамоҳангсозӣ ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар минтақаи Рашт бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Лахш баргузор гардид.