Клиникаҳои мобилии сайери ройгон дар ноҳияи Лахш бо дастгирии Барномаи хайриявии Шоҳ Абдуллоҳ бин Абдулазиз ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш яке аз…
Клиникаҳои мобилии сайери ройгон дар ноҳияи Лахш бо дастгирии Барномаи хайриявии Шоҳ Абдуллоҳ бин Абдулазиз ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш яке аз клиникаҳои муҷаҳҳаз фаъолият дорад.
Дар ин клиника хизматрасониҳои ройгон пешниҳод карда мешаванд:
1. Духтури оилавӣ
2. Духтури занона (Гинеколог)
3. Табиби чашм
4. Табиби гӯш, бинӣ ва гулӯ
5. Табиби дил
6. Рентген
7. Ултрасадо
8. Озмоишгоҳи лабораторӣ ва ташхисҳо
Ғайр аз ин, дар клиника доруҳои лозимаро ройгон то 10 рӯзи табобат пешкаш менамоянд.
Ҳамаи хизматрасониҳо барои аҳолӣ комилан РОЙГОН мебошанд.
Барои номнавис шудан ба духтурҳои оилавии зисти маҳал муроҷиат ё ин ки ба рақамҳои клиника занг занед.
Суроғаи ҷойгиршавии клиника: ноҳияи Лахш, Ҷамоати шаҳраки Ваҳдат, назди Фурудгоҳи маркази ноҳия