- Корманд
- 44
- Роҳбар
- 7
- Раёсатҳо
- 14
- Ташкилотҳои низом
- 12
- Раёсатҳои минтақавии молия
- 17
Маълумоти умумӣ
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқии фаъолияти молиявӣ, буҷету андоз, баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, бозори молиявӣ, коғазҳои қиматнок ва хазинаи сарватҳои давлатиро таъмин намуда, дар ин самт фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро оид ба иҷро ва риояи қонунгузории андоз, назорати ҳисоби дуруст, пурра ва сари вақт ба буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ворид намудани андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ аз тарафи андозсупорандагон ва идоракунии молияи давлатӣ ҳамоҳанг месозад.