Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Саҳифаи расмӣ- Корманд
- 27
- Роҳбар
- 7
- Вазорат
- 1
- Раёсатҳо
- 15
- Шуъбаҳо
- 7
- Ташкилотҳои тобеъ
- 1
Маълумоти умумӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз расидан ба Истиқлоли давлатӣ роҳандозии сиёсати хориҷӣ ва пешбурди равобит бо дигар давлат ва субъектҳои муносибатҳои байналмилалиро аз самтҳои меҳварии фаъолияти худ қарор дод.
Ҳангоми таҳия ва татбиқи самти сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ, тақсимоти ваколат миёни шохаҳои ҳокимият мутобиқи сохти конститутсионии давлат сурат мегирад.
Мақомоти равобити хориҷӣ ба дохилидавлатӣ ва хориҷӣ тақсим мешаванд. Дар навбати худ, мақомоти дохилидавлатӣ метавонанд ё мақомоти салоҳиятдори умумӣ ё махсус бошанд. Дар Тоҷикистон гурӯҳи мақомоти ваколатдори умумиро инҳо ташкил медиҳанд: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ иборат аз ду палата – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ.