Забони модарӣ ва худшиносии миллӣ дар шароити ҳамгироии фарҳангҳо
Дар ҷаҳони муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ, ҳамгироии фарҳангҳо ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ҷомеаҳоро ба ҳам наздик месозанд, масъалаи ҳифзи арзишҳои миллӣ аҳамияти хос пайдо кардааст. Яке аз муҳимтарин рукнҳои чунин арзишҳо забони модарӣ мебошад. Забони модарӣ на танҳо воситаи муошират, балки омили ташаккули худшиносии миллӣ, ҳувияти фарҳангӣ ва пойдории давлатдорӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, баррасии робитаи забони модарӣ ва худшиносии миллӣ дар шароити муосир аҳамияти назариявӣ ва амалӣ дорад.
Дар илми иҷтимоиёт ва сиёсатшиносӣ худшиносии миллӣ ҳамчун дарки тааллуқияти шахс ба як миллат, эҳсоси ифтихор аз таърих, фарҳанг ва арзишҳои он маънидод карда мешавад. Ин худшиносӣ бе мавҷудияти фазои ягонаи забонӣ наметавонад ба таври комил ташаккул ёбад. Забони модарӣ муҳити маънавиест, ки тавассути он арзишҳо, анъанаҳо, ҷаҳонбинӣ ва хотираи таърихии миллат аз насл ба насл интиқол меёбанд. Маҳз тавассути забон инсон худро узви ҷомеаи муайян эҳсос мекунад ва ҷойгоҳи худро дар низоми иҷтимоӣ дарк менамояд.
Забони модарӣ, пеш аз ҳама, пояи фарҳанги миллӣ мебошад. Адабиёт, осори таърихӣ ва мероси маънавии ҳар миллат дар қолаби забон шакл гирифтаанд. Агар забон заиф гардад, пайванди наслҳо низ коста мешавад. Бе донистани забони модарӣ фаҳмидани осори классикӣ, анъанаҳо ва рамзҳои миллӣ душвор мегардад. Дар натиҷа, эҳсоси ифтихори миллӣ ва тааллуқияти фарҳангӣ метавонад коҳиш ёбад.
Аз ҷиҳати сиёсӣ низ забони модарӣ омили муҳими муттаҳидсозандаи ҷомеа мебошад. Ваҳдати забонӣ, ба ташаккули шуури умуми миллӣ мусоидат мекунад. Дар ҷомеае, ки шаҳрвандон бо як забон муошират мекунанд, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ бештар мегардад. Ин омил барои таҳкими суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ замина фароҳам меорад.
Баръакс, беэътиноӣ ба забони модарӣ метавонад ба бегонашавии фарҳангӣ ва заъфи ҳамгироии иҷтимоӣ оварда расонад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаи забони модарӣ боз ҳам мубрамтар мегардад. Имрӯз таъсири забонҳои ҷаҳонӣ, махсусан тавассути интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, хеле густурда аст. Ҷавонон бештар аз муҳтавои хориҷӣ истифода мебаранд, ки ин метавонад ба тағйири одатҳои забонӣ ва воридшавии истилоҳоти зиёди бегона мусоидат намояд.
Гарчанде мубодилаи фарҳангӣ падидаи мусбат аст, аммо ҳифзи асолати забони модарӣ бояд дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирад. Зеро маҳз забон пояи устувори худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад.
Нақши оила ва низоми маориф дар ташаккули худшиносии миллӣ тавассути забон хеле муҳим аст. Кӯдак нахустин арзишҳои фарҳангиро дар муҳити оила тавассути забони модарӣ меомӯзад. Баъдан, мактаб ва муассисаҳои таълимӣ доираи дониш ва ҷаҳонбинии ӯро васеъ менамоянд. Агар таълим бо сатҳи баланди фарҳанги забондонӣ ба роҳ монда шавад, эҳсоси ифтихор аз забон ва миллат тақвият меёбад.
Ҳамзамон, мутобиқсозии забони модарӣ ба шароити муосир зарур аст. Забон бояд қобилияти ифодаи мафҳумҳои нави илмӣ, техникӣ ва сиёсиро дошта бошад. Таҳияи истилоҳоти миллӣ, рушди луғатшиносӣ ва густариши истифодаи забон дар фазои рақамӣ ба таҳкими мавқеи он мусоидат мекунад. Забоне, ки бо замон ҳамқадам аст, метавонад дар зеҳни насли ҷавон ҷойгоҳи устувор пайдо намояд.
Бояд таъкид кард, ки худшиносии миллӣ маънои инкори фарҳангҳои дигарро надорад. Баръакс, шахсе, ки забон ва фарҳанги худро хуб мешиносад, метавонад бо дигарон дар асоси эҳтироми мутақобил ҳамкорӣ намояд. Аз ин рӯ, ҳифзи забони модарӣ заминаи муколамаи созанда бо ҷаҳон мебошад, на монеаи он.
Мустаҳкам гардидани имконоти забон, аз ҷумла: баёни нозук ва дақиқ мафҳумҳои мураккаби илмию фалсафӣ, фарҳангӣ, адабию ҳунарӣ барои баланд бардоштани маънавият замина фароҳам меоварад.Аз ин рӯст, ки рушди забон ва маънавият бо ҳамдигар ҳамбастагии зич дошта, вазъи дирӯз, имрӯз ва фардои миллатро нишон медиҳанд. Забон аст, ки як халқро аз халқи дигар фарқ мекунонад, илму адабиёт, фарҳанги мардумро барои ҷаҳониён муаррифӣ менамояд, иқтидори маънавии онро муаррифӣ месозад. Мисоли равшани гуфтаҳои болоӣ он аст, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ ҳар як забон, аз ҷумла забони тоҷикӣ, ҳам тағйироти зиёдеро паси сар намудааст, ки баъзан метавонист пояи маърифативу маънавии онро суст гардонад. Новобаста аз ин, забон дар шакли воҳиди диалектӣ бошад ҳам, пояи миллатро нигаҳ дошт, сайқал дод, арзишҳои милливу фарҳангиро муаррифӣ мекард. Дар сурати маҳрум гардидан аз забони миллӣ, мансубияти миллии ҳар як халқу миллат низ тағйир меёбад.
Аз нуқтаи назари таърихӣ забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимтарин ба шумор рафта, давраҳои гуногуни ташаккули таърихиро паси сар намудааст, ки ҳар як давра ба он таъсири худро расонидааст. Садҳо адибону донишварон бо ин забон асарҳои худро офаридаанд, ки аксарияти онҳо дар адабиёти форсу тоҷик мақоми худро ишғол намудаанд. Мисоли равшани гуфтаҳои болоӣ осори адабии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Камол, Аҳмади Дониш, Айнию Лоҳутӣ ва Турсунзодаю Лоиқ шуда метавонад. Таърих гувоҳ аст, забони тоҷикӣ дар раванди ташаккулу таҳаввули таърихӣ тағйироти зиёдеро паси сар намуда, дар забони муоссир яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллати тоҷик ба ҳисоб меравад.
Баҳри пос нигаҳ доштани забон ҳамчун рукни давлатдорӣ 5-уми октябри соли 2009, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида то имрӯз амал мекунад.
Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд. Хотиррасон мешавем, ки аз соли 2009 то инҷониб, дар Тоҷикистон 5 октябр Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Бо мақсади боз ҳам рушд ёфтани забони давлатӣ барномаҳои давлатӣ мавриди амал қарор гирифта, барои омода ва таҳия намудани лоиҳаи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор масъул гардиданд, ки он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми ноябри соли 2020 таҳти №647 тасдиқ шуд. Бо дарназардошти он ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва муоширату коргузорӣ дар ҳама соҳаи ҳаёти мамлакат истифода мешавад, омӯзиш ва донистани он барои ҳар як сокини ҷумҳурӣ зарур дониста шудааст.
Забони тоҷикӣ ҳарфҳои гузаштагони мо, дониш ва маърифатҳои ҳазорсолаеро дар худ ҷамъ кардааст, ки ин забонро ҳамчун ганҷинаи маънавӣ нишон медиҳад. Тарҷума ва пахши таърих ва фарҳанги тоҷикон ҳам бо ҳамин забон сурат гирифтааст ва дар ҷаҳон шинохта шудааст.
Аз ин рӯ, ҳифзи ҳувияти миллӣ тавассути забон муҳим аст. Забон миллатро муттаҳид мекунад ва ҳамчунин ягонагии давлатро таъмин менамояд.
Ҳар сол истилоҳоти нави илмӣ ворид мешаванд, аммо бояд онҳоро ба шакли тоҷикӣ мутобиқ сохта, истифода барем. Ин кор на танҳо зарур, балки воқеияти таърихии миллат аст.
Аз ин рӯ, забон асоси рушд ва камоли миллат аст ва забон ва давлат ҳамеша дар якдигар паноҳ ва пуштибон доранд.
Мавзуъи асолату ҳувияти миллӣ набояд касеро бетараф гузорад. Ин масъала барои ҳар шахси миллатдӯст муҳим аст. Онҳое, ки ҳисси баланди миллӣ доранд ва забони модарии худро дӯст медоранд, бояд дар ҳифзи забон фаъол бошанд.
Дар партави сиёсати маърифатпарваронаи Пешвои миллат забони тоҷикӣ рушду такомул ёфта, дар ҷомеа мавқеи баландро соҳиб шудааст. Пешвои миллат таъкид намудаанд, ки «забон хишти аввалини кохи миллат аст»
Шарипова Фараҳноз
Мутахассиси шуъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон