23-юми феврал бахшида ба Рузи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.
Нахуст ҳамоишро директори Марказ Саидзода Иззатулло Ҳабибулло ифтитоҳ намуда, кормандонро ба ин ҷашни фархунда шодбош намуд. Ҳамчунин ёдрас гардид, ки Артиши миллӣ дар шароити буҳрони сиёсиву иқдисодии кишвар созмон дода шуд ва новобаста аз душвориҳои ҷойдошта Ҳукумати Тоҷикистон тавонист таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Генерали артиш, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як Артиши тавоно, боварибахш, муҷаҳҳаз бо дастгоҳу афзорҳои ҷангӣ созмон диҳад.
Кормандони Марказ низ дар бораи Артиши миллӣ, нақши боризу созанда ва муҳофизатгаронаи он, дар оянда рушду нуму ва неру бахшидан ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, садоқат ба Ватан ва ба Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори андеша намуданд.