17 феврали соли 2026 дар меҳмонхонаи Серенаи шаҳри Душанбе мулоқоти солонаи ширкаткунандагони давраҳои омӯзишии JIСА ва «Барномаи бурсияхҳои таҳсилӣ барои рушди иқтидори захираҳои инсонӣ (JDS)» баргузор гардид, ки дар он корманди Маркази миллии қонунгузорӣ иштирок намуд. Дар чорабинии мазкур масъалаҳо вобаста ба мини-грантҳои ташкилоти JIСА ҷиҳати дар амал татбиқ намудани таҳқиқотҳои илмие, ки хатмкунандагон дар донишгоҳҳои Ҷопон гузарониданд, мавриди баррасӣ гардид.