23 майи соли 2025 ҷаласаи Шурои илмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа тибқи рӯзнома масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд: ҳисоботи муовини якуми директор - Соҳибзода М.М. оид…
23 майи соли 2025 ҷаласаи Шурои илмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласа тибқи рӯзнома масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд: ҳисоботи муовини якуми директор - Соҳибзода М.М. оид ба рафти иҷрои Нақшаи корҳои илмию таҳқиқотии Марказ дар соли 2024; тасдиқи мавзуъҳои рисолаҳои номзадӣ ва роҳбарони илмии онҳо; ба нашр тавсия намудани тафсирҳо ва дигар маводи чопӣ; ҳисоботи илмии унвонҷӯён ва кормандони Маркази миллии қонунгузорӣ; баррасии масъалаи муқаррар намудани мукофотпулӣ барои кормандони Маркази миллии қонунгузорӣ, ки рисолаҳои номзадии худро дар солҳои 2025-2027 ҳимоя менамоянд; баррасии масъалаи зиёд намудани ҳаҷми маоши омӯзгороне, ки дар зинаи магистратураи Маркази миллии қонунгузорӣ дарс мегузаранд.
Вобаста ба масъалаҳои болозикр, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои аъзои Шурои илмии Марказ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.