11-уми май, тибқи нақша-чорабиниҳои бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании шаҳри Левакант, дар Литсеи давлатии №2 бо иштироки омӯзгорон, кормандони техникӣ ва хонандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Чорабинии мазкур ба…
11-уми май, тибқи нақша-чорабиниҳои бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании шаҳри Левакант, дар Литсеи давлатии №2 бо иштироки омӯзгорон, кормандони техникӣ ва хонандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Чорабинии мазкур ба масъалаҳои пешгирии офатҳои табиӣ, ҳодисаҳои техногенӣ ва риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ бахшида шуда, зимни он ба иштирокдорон тавсияву маслиҳатҳои муҳим пешниҳод гардиданд.
Масъулин зимни суҳбат таъкид намуданд, ки ҳар як шаҳрванд, бахусус наврасону ҷавонон бояд дар мавриди рафтор ҳангоми рух додани офатҳои табиӣ, аз ҷумла сел, заминларза, шамоли сахт ва дигар ҳолатҳои фавқулода маълумоти кофӣ дошта бошанд. Ҳамчунин оид ба пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар мавсими гармӣ ва риояи қоидаҳои оббозӣ дар кӯлу дарёҳо маълумоти зарурӣ дода шуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ба хонандагон фаҳмонида шуд, ки оббозӣ танҳо дар ҷойҳои иҷозатдодашуда ва зери назорати калонсолон анҷом дода шавад. Иштирокдорон ҳамчунин бо роҳҳои расонидани кумаки аввалия ва тарзи амал дар ҳолатҳои хатарнок шинос гардиданд.
Ҳамчунин ба иштирокдорон иттиловарақаҳо низ тақсим карда шуд.