Варзишгарони наврасу ҷавони шаҳри Левакант дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди ушу санда, ки дар вилояти Суғд баргузор гардид, бо натиҷаҳои назаррас ҳунарнамоӣ намуда, соҳиби 25 медал гардиданд. Ба иттилои масъулони соҳаи варзиши шаҳр, ҳайати дастаи…
Варзишгарони наврасу ҷавони шаҳри Левакант дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди ушу санда, ки дар вилояти Суғд баргузор гардид, бо натиҷаҳои назаррас ҳунарнамоӣ намуда, соҳиби 25 медал гардиданд.
Ба иттилои масъулони соҳаи варзиши шаҳр, ҳайати дастаи Левакант дар ин мусобиқа бо иштироки беҳтарин варзишгарони шаҳру навоҳии кишвар ширкат варзида, маҳорати баланд, омодагии хуби ҷисмонӣ ва иродаи қавии худро нишон доданд.
Варзишгарони ҷавони Левакант тавонистанд 12 медали тилло, 8 медали нуқра ва 5 медали биринҷиро ба даст оранд. Ин дастовард яке аз натиҷаҳои беҳтарини даста дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ арзёбӣ мешавад.
Мураббиён ва масъулони бахши варзиши шаҳр иброз доштанд, ки чунин натиҷаҳо самараи тамринҳои пайваста, дастгирии волидайн ва фароҳам гардидани шароити мусоид барои рушди варзиш миёни наврасону ҷавонон мебошад.
Гуфта шуд, ки варзишгарони ғолиб дар оянда барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ омодагӣ мегиранд ва умед аст, ки онҳо парчами Тоҷикистонро дар арсаҳои ҷаҳонӣ низ баланд хоҳанд бардошт.
Сокинон ва дӯстдорони варзиш дар шаҳри Левакант аз ин пирӯзии ҷавонон истиқбол намуда, онро мояи ифтихори шаҳр арзёбӣ карданд