7-уми май — бо мақсади гиромидошти қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони шуҷои Ватан, раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ якҷо бо раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант…
7-уми май — бо мақсади гиромидошти қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони шуҷои Ватан, раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ якҷо бо раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Олимзода Низора ба аёдати оилаҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафтанд.
Зимни ин аёдат ба оилаҳои иштирокчиёни ҶБВ кумакҳои моддӣ, туҳфаҳои идона ва изҳори сипосу қадрдонӣ расонида шуд. Масъулин таъкид намуданд, ки саҳму ҷоннисориҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои ҳифзи сулҳу оромӣ ва пирӯзӣ бар фашизм ҳамеша дар хотири мардум боқӣ хоҳад монд.
Раиси шаҳри Левакант зимни суҳбат бо пайвандони иштирокчиёни ҶБВ иброз дошт, ки эҳтиром ба қаҳрамонон ва дастгирии насли калонсол яке аз арзишҳои муҳими ҷомеа ба шумор меравад. Қайд гардид, ки корнамоиҳои фарзандони шуҷои миллат барои насли ҷавон намунаи ибрат мебошанд.
Ҳамзамон, дар чорабинии аёдат хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр низ фаъолона иштирок намуданд. Онҳо дар васфи Ватан, модар ва қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ шеърҳо қироат намуда, эҳсоси ватандӯстӣ ва эҳтироми худро нисбат ба иштирокчиёни ҷанг баён карданд.