“Эҳтироми собиқадорони ҷангу меҳнатро ба ҷой меоварем” - таҳти ин унвон дар МД “Коллеҷи саноат ва хизматрасониҳои иҷтимоии шаҳри Левакант” - и ДБССТ чорабинии тарбиявӣ- фарҳангӣ бо иштироки васеи омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид. Дар чорабинии…
“Эҳтироми собиқадорони ҷангу меҳнатро ба ҷой меоварем” - таҳти ин унвон дар МД “Коллеҷи саноат ва хизматрасониҳои иҷтимоии шаҳри Левакант” - и ДБССТ
чорабинии тарбиявӣ- фарҳангӣ бо иштироки васеи омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Султонов Ҳикматулло - Раиси шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳри Левакант, Сангимуродов Усмон-Котиби шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳри Левакант ва капитан Муҳаммадҷони Рустам-Роҳбаи кафедраи ҳарбии Донишкадаи байналмилалии шаҳри Левакант дар чорабинӣ моро ҳамроҳи намуданд.
Меҳмононро нахуст Директори муассиса Хайрулло Содиқзода муаррифӣ намуда, онҳоро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфт. Сипас сухани табрикоти аз ҷониби роҳбарияти муассиса шунида шуд. Дар идома Султонов Ҳикматулло суханронӣ намуда, ёде аз солҳои гузашта намуданд. Аз ҷониби меҳмон оид ба Рӯзи Ғалаба суханонии пурмӯҳтаво шунида шуд.
Ҳамзамон, доир ба ин ҷашн видеороликҳои тарбиявӣ, аксҳо аз ҷараёни ҷанги хонумонсуз, инчунин қироати шеърҳо аз тарафи донишҷӯён анҷом дода шуд. Дар фарҷом аз ҷониби роҳбарият меҳмон бо Сипоснома, ҷиҳати арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, садоқат ба Ватан ва 81-умин солгарди "Иди Ғалаба" қадрдони карда шуданд.
Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ пайравӣ аз сиёсатҳои хирадмандона, сулҳҷӯёна ва ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба таърих ва гиромидошти хотираҳои қаҳрамонон мебошад, ки ба ҷаҳониён сӯлҳу субот ва оромиро баргардонидаанд.