5-уми май — раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ дар доираи тадбирҳои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, ҳамроҳ бо гурӯҳи масъулин ба деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти «Гулистон» сафари корӣ анҷом дод. Зимни ин сафар мулоқот бо сокинон бо…
5-уми май — раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ дар доираи тадбирҳои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, ҳамроҳ бо гурӯҳи масъулин ба деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти «Гулистон» сафари корӣ анҷом дод.
Зимни ин сафар мулоқот бо сокинон бо усули «хона ба хона» баргузор гардида, масъалаҳои муҳимми иҷтимоию иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ба сокинон доир ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, ғанигардонии сабади истеъмолии оила, рушди рӯзгордорӣ ва беҳсозии вазъи иқтисодии хонаводагӣ тавсияҳои муфид дода шуданд.
Раиси шаҳр таъкид намуд, ки истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб қитъаи замин метавонад дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани даромади оила нақши муҳим бозад. Ҳамзамон, аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода бурда, ба рушди истеҳсолоти дохилӣ саҳм гузоранд.
Дар ҷараёни боздид мушоҳида гардид, ки сокини деҳа Қурбонова Сафаргул бо аҳли оилааш ба чорводорӣ ва зироатпарварӣ машғул буда, замини наздиҳавлигии худро ба таври намунавӣ истифода мебарад. Ӯ ба парвариши чорвои калони шохдор ва майда машғул шуда, аз ин роҳ манбаи устувори даромад пайдо намудааст.
Масъулин таҷрибаи Қурбонова Сафаргулро намунаи ибрат арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки чунин ташаббусҳо метавонанд барои дигар сокинон низ роҳнамои хуб бошанд.
Баргузории чунин вохӯриҳо бо усули «хона ба хона» ба баланд бардоштани маърифати иқтисодии аҳолӣ ва рушди устувори ҷомеа мусоидат намуда, барои беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум замина фароҳам меорад