Дар арафаи таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Левакант чорабиниҳои маънавию ватандӯстона баргузор гардид. Бо мақсади пос доштани хотираи неки қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ, раиси…
Дар арафаи таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Левакант чорабиниҳои маънавию ватандӯстона баргузор гардид.
Бо мақсади пос доштани хотираи неки қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Олимзода Низора ва дигар масъулини шаҳр ба дидорбинии хонаводаҳои иштирокчиён ва собиқадорони ҷанг ташриф оварданд.
Зимни аёдатҳо масъулин аз ҷоннисориҳо ва хизматҳои фарзандони далери Ватан дар солҳои вазнини ҷанг ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки маҳз шуҷоату матонати онҳо имрӯз барои насли имрӯза зиндагии орому осуда ва фазои сулҳу суботро муҳайё сохтааст.
Ба хонаводаҳои иштирокчиёни ҷанг туҳфаҳои хотиравӣ ва кумакҳои моддӣ тақдим гардида, барои саҳми арзандаашон дар ҳифзи Ватан изҳори сипосу қадрдонӣ баён карда шуд.
Дар ин чорабиниҳо бо мақсади бедор намудани ҳисси ватандӯстиву худшиносӣ дар қалби наврасону ҷавонон хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимии шаҳр низ ҷалб гардиданд. Хонандагон дар назди собиқадорон ва наздикони онҳо шеърҳои ватандӯстона қироат намуда, бо сурудҳо ва баромадҳои фарҳангӣ рӯҳу хотири иштирокдоронро болида гардониданд.
Сокинон ва хонаводаҳои аёдатшуда аз чунин таваҷҷуҳу ғамхории роҳбарияти шаҳр изҳори хушнудӣ намуда, зикр карданд, ки гиромидошти хотираи қаҳрамонони ҷанг ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ аз муҳимтарин арзишҳои ҷомеа ба шумор меравад