3-юми апрел, тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Раёсати маорифи вилояти Хатлон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва шӯъбаи КДАМ дар шаҳри Левакант,…
3-юми апрел, тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Раёсати маорифи вилояти Хатлон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва шӯъбаи КДАМ дар шаҳри Левакант, дар мавзӯи «Пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба гурӯҳҳои ифротӣ, истифодаи маводи мухаддир ва ҳабҳои психотропӣ» чорабинии муҳими фаҳмондадиҳию иттилоотӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар ду макон – толори фарҳангии Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ бо иштироки устодону донишҷӯёни Донишкада ва дар Қасри фарҳанги шаҳри Левакант бо ҷалби хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ баргузор шуд.
Дар рафти чорабинӣ намояндагони сохторҳои дахлдор, аз ҷумла Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Раёсати маорифи вилоят, шӯъбаи КДАМ дар шаҳри Левакант, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ШВКД-и шаҳри Левакант иштирок намуда, оид ба хатарҳои ифротгароӣ, таъсири манфии маводи мухаддир ва оқибатҳои истифодаи ҳабҳои психотропӣ маърӯзаҳои муфассал ироа намуданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки дар шароити муосир масъалаи ҳифзи амнияти миллӣ ва солимии ҷомеа, бахусус миёни ҷавонон, аҳамияти хоса дорад.
Баромадкунандагон ҷавононро даъват намуданд, ки ҳушёриву зиракиро аз даст надода, ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ ва омилҳои номатлуб ҳамроҳ нашаванд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки ҷавонон бояд вақти худро самаранок истифода бурда, ба омӯзиши илму дониш, аз худ кардани касбу ҳунар, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосир машғул шаванд. Зеро танҳо бо роҳи донишандӯзӣ ва рушди маънавӣ метавонанд ояндаи дурахшон ва ҷомеаи солимро бунёд намоянд.
Чорабинии мазкур бо саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор миёни иштирокчиён анҷом ёфта, барои боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон саҳми назаррас гузошт.
Меньше