4-уми май, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант таҳти роҳбарии раиси шаҳр маҷлиси навбатии назоратӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба…
4-уми май, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант таҳти роҳбарии раиси шаҳр маҷлиси навбатии назоратӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъулини соҳаҳо барои беҳтар намудани фаъолияти хизматӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Дар оғози ҷаласа раиси шаҳр иштирокчиёнро бо тағйироти кадрӣ шинос намуда, таъйин гардидани Азимов Умедҷон Муродалиевичро ба вазифаи мудири бахши дин, танзими ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр эълон кард ва ба ӯ дар иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ муваффақият орзу намуд.
Дар идома, масъалаи иҷрои қисми даромади буҷет ва фаъолияти нозироти андоз мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қайд карда шуд, ки бо вуҷуди натиҷаҳои мусбат, аз ҷумла иҷрои барзиёди нақшаи андоз, зарурати кам кардани бақияпулиҳо ва таъмини пурраи андози иҷтимоӣ боқӣ мемонад. Ҳамзамон, ба масъулон супориш дода шуд, ки пардохти саривақтии музди меҳнат ва нафақаро таъмин намоянд.
Дар бахши кишоварзӣ ва омор масъалаҳои вобаста ба кишти зироатҳо, ҷамъоварии маҳсулот ва пешниҳоди ҳисоботҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Раиси шаҳр таъкид намуд, ки кишти зироатҳо бояд тибқи дурнамо анҷом дода шуда, ҳисоботи оморӣ саривақт ва дақиқ пешниҳод гардад. Ҳамчунин, масъалаҳои таъмини оби полезӣ, мубориза бар зидди малах ва пешгирии офатҳои табиӣ зери назорати ҷиддӣ қарор дода шуданд.
Ба бахши меъморӣ супориш дода шуд, ки ҷадвали мушаххаси ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳия ва пешниҳод карда шавад.
Ҳамчунин, омодагӣ ба чорабиниҳои муҳими моҳи май, аз ҷумла Рӯзи Ғалаба, Рӯзи оила, Рӯзи дави миллӣ ва Рӯзи ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси шаҳр ба масъулон супориш дод, ки омодагиро аз ҳоло оғоз намуда, чорабиниҳоро дар сатҳи баланд баргузор намоянд. Таъкид гардид, ки доир намудани “Моҳвораи ҷавонон” бояд фаъолона роҳандозӣ гардад.
Дар фарҷом, масъалаи тозагиву ободонии шаҳр баррасӣ шуда, аз иҷро нашудани супоришҳо дар самти ташкили ҳашарҳои дастаҷамъона изҳори норозигӣ карда шуд. Ба масъулон дастур дода шуд, ки корҳои тозагӣ, махсусан дар роҳҳои асосӣ ва атрофи хонаҳои баландошёна, зери назорати қатъӣ қарор дода шуда, дар ин самт ҳисоботи мушаххас пешниҳод гардад.
Дар маҷмӯъ, раиси шаҳр аз роҳбарону масъулони соҳаҳо тақозо намуд, ки бо масъулияти баланд, интизоми қатъӣ ва ҳисси ватандӯстӣ фаъолият намуда, барои ободиву пешрафти шаҳри Левакант саҳми арзанда гузоранд.