3-юми май, бо ташаббуси Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» мусобиқаи гуштини миллӣ миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид. Чорабинии варзишӣ бо ҳадафи тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди…
3-юми май, бо ташаббуси Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» мусобиқаи гуштини миллӣ миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.
Чорабинии варзишӣ бо ҳадафи тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди гуштини миллӣ ва ҷалби ҷавонон ба варзиш роҳандозӣ шуда, дар он даҳҳо нафар варзишгарон аз маҳалҳои гуногуни шаҳр иштирок намуданд. Иштирокчиён аз рӯи вазнҳои гуногун байни ҳам қувваозмоӣ карда, маҳорати худро нишон доданд.
Мусобиқа дар фазои рақобати солим ва руҳияи баланд баргузор гардида, ҳар як иштирокчӣ кӯшиш мекард, то беҳтарин натиҷаро ба даст оварад. Ҳамзамон, тамошобинон аз ҳунару маҳорати паҳлавонони ҷавон баҳра бурда, онҳоро бо кафкӯбиҳои гарму самимӣ дастгирӣ намуданд.
Дар анҷоми мусобиқа ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Масъулин изҳор доштанд, ки чунин чорабиниҳо дар оянда низ баргузор гардида, барои рушди варзиш ва тарбияи ҷавонони солим заминаи мусоид фароҳам меоранд.