27-уми апрел, дар шаҳри Левакант бо ташаббуси шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ вохӯрии муҳими маърифатӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ корманди шуъбаи КДАМ дар шаҳр Асадуллоев Давлатшоҳ бо кормандони Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ,…
27-уми апрел, дар шаҳри Левакант бо ташаббуси шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ вохӯрии муҳими маърифатӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ корманди шуъбаи КДАМ дар шаҳр Асадуллоев Давлатшоҳ бо кормандони Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ, инчунин ҷавонону наврасон иштирок ва суханронӣ намуд.
Ҳадафи асосии вохӯрӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсӣ ва огоҳсозии ҷавонон оид ба хатарҳои экстремизм ва терроризм, инчунин пешгирии падидаҳои номатлуб, аз қабили хурофотпарастӣ ва бегонапарастӣ арзёбӣ гардид. Зимни баромади худ Асадуллоев Давлатшоҳ таъкид намуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ, гурӯҳҳои ифротгаро бештар талош мекунанд, то ҷавононро ба доми худ кашанд.
Ӯ аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҳар гуна иттилооти бардурӯғ ва таблиғоти ифротӣ бовар накунанд. Ҳамзамон, қайд гардид, ки танҳо тавассути таҳсил, худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ метавон ҷомеаро аз чунин хатарҳо ҳифз намуд.
Маврид ба зикр аст, ки чунин чорабиниҳо дар самти пешгирии ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа нақши муҳим доранд.