24-25-уми апрел, дар шаҳри Левакант даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» бо иштироки муовини раиси шаҳр Баротзода Шарифхон ва дигар шахсони масъул дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15 баргузор гардид, ки дар он беш аз 300 довталаб иштирок намуд.
Ин чорабинии муҳими адабӣ - фарҳангӣ бо ҳадафи арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои адабӣ ва таърихии миллат, инчунин баланд бардоштани завқи китобхонӣ ва ҷаҳонбинии фарҳангии ҷавонон роҳандозӣ гардид.
Озмуни мазкур, ки дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи давлату ҳукумат ташкил мешавад, бо иштироки васеи хонандагон ва донишҷӯён баргузор гардида, ба як майдони воқеии санҷиши донишу маҳорати суханварии ҷавонон табдил ёфтааст.
Дар Озмун довталабон аз тамоми муассисаҳои таҳсилоти олӣ, касбӣ ва миёнаи шаҳри Левакант фаъолона ширкат варзида, маҳорати худро дар қироати порчаҳо аз шоҳасари безаволи Шоҳнома бо ҳисси баланди масъулият ва омодагии ҷиддӣ нишон доданд.
Ҷараёни озмун дар фазои озод, шаффоф ва рақобати солим баргузор гардид. Ҳар як иштирокчӣ кӯшиш намуд, ки бо садои расо, талаффузи дуруст ва дарки амиқи мазмун порчаҳои интихобкардаи худро ба таври шоиста манзур намояд. Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи таваҷҷуҳи ҷавонон ба адабиёти классикӣ, бахусус мероси адабии ниёгон, сол то сол афзоиш меёбад.
Зимни баргузории чорабинӣ таъкид гардид, ки озмуни «Шоҳномахонӣ» бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуда, ҳадафи асосии он эҳёи арзишҳои миллӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ мебошад.
Чунин иқдомҳо ба густариши фарҳанги китобдӯстӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа мусоидат мекунанд.
Ҳамзамон, масъулин зикр намуданд, ки чоп ва ба таври ройгон тақсим гардидани китоби «Шоҳнома» миёни аҳолӣ як иқдоми бисёр арзишманд мебошад. Ин амал ба хотири гиромидошти яке аз саромадони адабиёти форсу-тоҷик — Абулқосим Фирдавсӣ анҷом дода шуда, барои дастрастар гардидани ин асари бузург ба омма мусоидат менамояд. Зеро «Шоҳнома» на танҳо як асари адабӣ, балки як ганҷинаи бузурги таърихӣ ва ахлоқӣ ба ҳисоб меравад, ки дар худ арзишҳои олии инсонӣ, адолат, шуҷоат ва ватандӯстиро таҷассум мекунад.
Дар идомаи чорабинӣ баромадкунандагон оид ба аҳамияти тарбиявии чунин озмунҳо ибрози назар намуда, таъкид карданд, ки ҷалби ҷавонон ба мутолиаи осори классикӣ метавонад дар ташаккули шахсияти комил ва худогоҳи онҳо нақши калидӣ бозад. Зеро омӯзиши осори бузургон инсонро ба андешаи амиқ, эҳсоси масъулият ва эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллӣ раҳнамун месозад.
Қобили зикр аст, ки иштирокчиёни озмун бо омодагии баланд баромад намуда, ҳар яке кӯшиш кард бо услуби хоси худ диққати ҳайати ҳакамон ва ҳозиринро ҷалб намояд. Баъзе аз довталабон ҳатто бо истифода аз лаҳни таъсирбахш ва эҳсосоти баланд порчаҳоро чунон қироат карданд, ки мавриди кафкӯбии гарм қарор гирифтанд.
Дар фарҷом, ҳайати ҳакамон, ки аз масъулини МИҲД-и шаҳр, мутахассисони соҳаи маориф ва фарҳанг иборат буданд, ба фаъолияти иштирокчиён баҳои сазовор дода, беҳтаринҳоро муайян намуданд. Ғолибони даври шаҳрӣ бо туҳфаҳо сарфароз гардонида шуда, барои иштирок дар даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд.
Интизор меравад, ки онҳо дар марҳилаи навбатии озмун низ бо донишу маҳорати баланди худ баромад намуда, шарафи шаҳри Левакантро ҳимоя хоҳанд кард.