eDavlat
Государственные символы
RU
TJ
RU
EN
Государственные органы
Загрузка…
Онлайн-чат
Открыть меню
RU
TJ
RU
EN
ЛЕВАКАНТ: СУРАТГУЗОРИШ АЗ РАФТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ЯК МАТОВУ САД РАНГ"...
Главная
More
Исполнительный орган государственной власти города Левакант
Новости
ЛЕВАКАНТ: СУРАТГУЗОРИШ АЗ РАФТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ЯК МАТОВУ САД РАНГ"...
Единый портал государственных услуг
27 апреля 2026
ЛЕВАКАНТ: СУРАТГУЗОРИШ АЗ РАФТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ЯК МАТОВУ САД РАНГ"...
23-юми апрел, дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид. Чорабинӣ бо намоиши…
23-юми апрел, дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид. Чорабинӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла чакан, нақшдӯзӣ, зардӯзӣ ва дигар навъҳои ҳунарҳои дастии занону бонувон рангину ҷолиб сурат гирифт.
Дар фестивал муовини раиси шаҳри Левакант Баротзода Шарифхон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Олимзода Низора, иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши кор бо занон ва оила ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд. Ҳамчунин, занону бонувони фаъол, ҳунармандон ва гулдухтарони шаҳр бо пешниҳоди маҳсули эҷоди худ ҳузури фаъол доштанд.
Аз тарафи масъулин ҳангоми дидани намоишгоҳ зикр гардид, ки ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, ифтихори миллӣ ва тарғиби либоси зебои миллӣ мебошад. Инчунин, чорабинӣ ба ҳамгироии минтақаҳои Тоҷикистон, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг, расму ойинҳои миллӣ ва муаррифии ҳунари волои халқи тоҷик равона шудааст.
Муовини раиси шаҳр Баротзода Шарифхон зимни суханронӣ таъкид намуд, ки чунин фестивалҳо барои пешгирии бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ, ҳамчунин муаррифии фаъолияти ҳунармандон, чеварон, тарроҳон, дизайнерон, чакандӯзон ва дигар эҷодкорон мусоидат мекунанд. Ба гуфтаи ӯ рушди ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи либоси миллӣ яке аз омилҳои муҳими ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ба ҳисоб меравад.
Дар рафти чорабинӣ ҳамчунин ба таваҷҷуҳи хосаи давлату Ҳукумат нисбат ба мақому манзалати занон ишора гардид. Қайд шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 занонро неруи созандаи ҷомеа арзёбӣ намуда, нақши онҳоро дар тарбияи насли наврас, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва муқовимат ба бегонапарастиву хурофот муҳим шумориданд.
Дар анҷоми фестивал ба иштирокчиён барномаи рангини фарҳангӣ аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр пешкаш гардид, ки ба чорабинӣ ҳусни тоза зам намуд.
Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» дар шаҳри Левакант бори дигар нишон дод, ки ҳунарҳои мардумӣ ва либоси миллӣ ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги тоҷик буда, нигоҳдорӣ ва рушди онҳо вазифаи муҳими ҳар як фарди ҷомеа мебошад.