23-юми апрел, мутахассисони Муассисаи давлатии Маркази пешгирии ВНМО дар шаҳри Левакант дар деҳаи Зағертут як чорабинии муҳими тиббӣ гузарониданд. Дар доираи ин иқдом ба сокинон ташхиси ройгони ВНМО пешниҳод гардида, ҳамзамон машваратҳои пеш аз…
23-юми апрел, мутахассисони Муассисаи давлатии Маркази пешгирии ВНМО дар шаҳри Левакант дар деҳаи Зағертут як чорабинии муҳими тиббӣ гузарониданд. Дар доираи ин иқдом ба сокинон ташхиси ройгони ВНМО пешниҳод гардида, ҳамзамон машваратҳои пеш аз тестгузаронӣ ва баъд аз он низ анҷом дода шуданд.
Ҳадафи асосии чунин чорабиниҳо баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба бемории ВНМО, роҳҳои пешгирии он ва аҳамияти ташхиси барвақтӣ мебошад. Мутахассисон ба сокинон шарҳ доданд, ки ташхиси саривақтӣ метавонад барои пешгирии паҳншавии беморӣ ва оғоз намудани табобати зарурӣ нақши муҳим бозад.
Бояд зикр кард, ки чунин чорабиниҳо ба таври мунтазам аз ҷониби Муассисаи давлатии Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО дар шаҳри Левакант роҳандозӣ мешаванд. Ин тадбирҳо бахше аз барномаи умумимиллӣ барои мубориза бо бемориҳои сироятӣ буда, ба ҳифзи саломатии ҷомеа нигаронида шудаанд.
Сокинони деҳаи Зағертут аз ташкили чунин хизматрасонии тиббии ройгон изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр карданд, ки ин гуна ташаббусҳо барои беҳтар намудани сатҳи саломатии аҳолӣ хеле муҳим мебошанд.