18-уми апрел раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ бо сафари корӣ ба деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» ташриф оварда, аз раванди фаъолияти гармхонаҳо ва тарзи истифодаи заминҳои наздиҳавлигии сокинон дидан намуд.
Зимни боздид раиси шаҳр бо фаъолияти як қатор хоҷагиҳои деҳқонӣ ва сокинони маҳаллӣ аз наздик шинос шуда, ба истифодаи самараноки заминҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард. Қайд гардид, ки истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замини наздиҳавлигӣ метавонад дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши муҳим гузорад.
Раиси шаҳр аз якчанд гармхонаҳои амалкунанда дидан намуда, бо шароити парвариши сабзавоту зироатҳои гуногун шинос гардид. Масъулон иттилоъ доданд, ки дар гармхонаҳо асосан парвариши помидор, бодиринг ва дигар намуди сабзавот ба роҳ монда шуда, ҳосили бадастомада ҳам барои истеъмоли дохилӣ ва ҳам барои фурӯш пешниҳод мегардад.
Дар ҷараёни мулоқот бо сокинон Муминзода Мастура Табарӣ таъкид намуд, ки бояд имкониятҳои мавҷуда пурра истифода бурда шуда, масоҳати гармхонаҳо бештар гардонида шавад. Ӯ ҳамчунин дастур дод, ки барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ истифодаи технологияҳои муосир ва таҷрибаи пешқадам бештар ҷорӣ карда шавад.
Ҳамзамон ба масъулони соҳа супориш дода шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ оид ба истифодаи самараноки замин, парвариши зироатҳои серҳосил ва ташкил намудани гармхонаҳои иловагӣ тақвият дода шавад.
Дар фарҷоми боздид раиси шаҳри Левакант иброз дошт, ки чунин ташаббусҳо барои рушди бахши кишоварзӣ ва таъмини бозорҳои маҳаллӣ бо маҳсулоти тару тоза мусоидат намуда, ба баланд бардоштани некуаҳволии сокинон заминаи мусоид фароҳам меоранд.