eDavlat
Государственные символы
RU
TJ
RU
EN
Государственные органы
Загрузка…
Онлайн-чат
Открыть меню
RU
TJ
RU
EN
ЛЕВАКАНТ: КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБӢ ВА РУШДИ ИҚТИСОДИ САБЗ ДАР ДОНИШКАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДБССТ
Главная
More
Исполнительный орган государственной власти города Левакант
Новости
ЛЕВАКАНТ: КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБӢ ВА РУШДИ ИҚТИСОДИ САБЗ ДАР ДОНИШКАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДБССТ
Единый портал государственных услуг
21 апреля 2026
ЛЕВАКАНТ: КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБӢ ВА РУШДИ ИҚТИСОДИ САБЗ ДАР ДОНИШКАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДБССТ
17-уми апрел, дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон конфронси илмию амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Идоракунии захираҳои обӣ ва рушди иқтисоди сабз дар шароити тағйирёбии иқлим» бо иштироки…
Previous slide
Next slide
17-уми апрел, дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон конфронси илмию амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Идоракунии захираҳои обӣ ва рушди иқтисоди сабз дар шароити тағйирёбии иқлим» бо иштироки доираи васеи олимону муҳаққиқон, коршиносон ва намояндагони муассисаҳои илмию таълимии дохиливу хориҷӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд», ки аз 14 то 18 апрел идома дорад, сурат гирифта, ба баррасии яке аз масъалаҳои муҳимми ҷаҳони муосир — истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва рушди иқтисоди сабз дар шароити тағйирёбии иқлим бахшида шуд.
Конфронс аз қисмати ташкиливу шиносоӣ оғоз гардида, иштирокчиён нахуст аз намоишгоҳи дастовардҳои илмӣ ва инноватсионии донишкада дидан намуданд. Дар ин намоишгоҳ намунаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, лоиҳаҳои татбиқшаванда ва иқдомҳои марбут ба рушди устувор, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи технологияҳои муосир ба намоиш гузошта шуданд. Инчунин, меҳмонон аз Осорхонаи Муассисаи давлатии таълимии ЛКСК Леваканти ДБССТ боздид намуда, бо таърихи ташаккул ва рушди муассиса, дастовардҳои соҳаи маориф ва илм, инчунин бо давраҳои муҳими таърихи муосири кишвар шинос гардиданд. Дар рафти боздид ба ҳаёт ва фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, саҳми ӯ дар таҳкими истиқлолият ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ ба меҳмонон васеъ инъикос гардид.
Маросими ифтитоҳи расмии конфронс бо сухани ифтитоҳии ректори Донишкадаи байналмилалии Левакант, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Саидзода Саидмаҳмуд Саидаҳмад оғоз ёфт. Ӯ дар суханронии худ аҳамияти баргузории чунин ҳамоишҳои илмиро дар замони муосир муҳим арзёбӣ намуда, зикр кард, ки масъалаи идоракунии захираҳои обӣ ва рушди иқтисоди сабз яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ба таъкиди ӯ, тағйирёбии иқлим ва афзоиши талабот ба захираҳои табиӣ зарурати ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ ва истифодаи самараноки захираҳоро бештар мегардонад.
Дар идома, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор баромад намуда, зарурати гузариш ба иқтисоди сабзро ҳамчун омили асосии таъмини рушди устувор арзёбӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф ва рушди энергетикаи барқароршаванда метавонад ба беҳтар гардидани вазъи иқтисодӣ ва экологӣ мусоидат намояд.
Ҳамзамон, муовини раиси шаҳри Левакант Баротзода Шарифхон дар суханронии худ ба масъалаи тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, зикр кард, ки танҳо тавассути ҳамгироӣ ва табодули таҷриба метавон мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим ва норасоии захираҳои табииро ҳал намуд.
Қисмати асосии конфронс аз маърӯзаҳои илмии олимону коршиносони ватаниву хориҷӣ иборат буд. Ректори Донишгоҳи байналмилалии Даффодил (Бангладеш), профессор доктор М.Р. Кабир дар мавзуи идоракунии об ва рушди устувор баромад намуда, таҷрибаи кишварҳои рӯ ба рушдро дар самти истифодаи самараноки захираҳои обӣ шарҳ дод. Ӯ ба зарурати ҳамоҳангсозии сиёсати давлатӣ ва ҷалби сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои экологӣ ишора кард.
Профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Раҳимзода Ҳисайн Раҳим дар маърӯзаи худ масъалаҳои ташаккули иқтисоди сабз дар Тоҷикистон, имкониятҳо ва дурнамои рушди онро таҳлил намуда, пешниҳодҳои мушаххасро барои такмили сиёсати давлатӣ дар ин самт ироа намуд.
Ҳамзамон, профессори Мактаби олии техникии Розенхайми Олмон Мария Юрьевна Вилдероттер дар мавзуи «сайёҳии ҳушманд» ва истифодаи технологияҳои рақамӣ дар идоракунии захираҳои табиӣ суханронӣ карда, таҷрибаи кишварҳои аврупоиро дар самти рақамикунонии соҳаи сайёҳӣ ва ҳифзи муҳити зист муаррифӣ намуд.
Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Буркина-Фасо Туссен Уаттара дар баромади худ ба масъалаи дипломатияи об таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аҳамияти ҳамкориҳои байналмилалиро дар самти истифодаи одилонаи захираҳои обӣ ва пешгирии ихтилофҳои марбут ба он таъкид кард.
Илова бар ин, намояндагони муассисаҳои илмии Русия ва Латвия низ бо маърӯзаҳои худ баромад намуда, масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои байнидонишгоҳӣ, табодули академӣ ва истифодаи захираҳои обҳои зеризаминиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар қисми ҷамъбастии конфронс музокираҳои илмӣ баргузор гардида, иштирокчиён андешаҳои худро оид ба роҳҳои ҳалли мушкилоти мубрами замони муосир — аз ҷумла тағйирёбии иқлим, норасоии об, ҳифзи муҳити зист ва рушди иқтисоди сабз баён доштанд. Таъкид гардид, ки барои ноил шудан ба рушди устувор, ҳамгироии илм, истеҳсолот ва сиёсати давлатӣ аҳамияти калидӣ дорад.
Бояд зикр намуд, ки конфронси мазкур ба як майдони муҳими табодули таҷриба ва дониш табдил ёфта, барои таҳкими робитаҳои илмӣ, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва пешниҳоди роҳҳалҳои муассир дар самти идоракунии захираҳои обӣ ва рушди иқтисоди сабз заминаи мусоид фароҳам овард. Иштирокчиён изҳори умед намуданд, ки натиҷаҳои ин ҳамоиш дар татбиқи сиёсати экологӣ ва иқтисодии кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми арзанда мегузоранд.