16-уми апрел, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Левакант бозии даври аввали Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи 2-юм (минтақаи Бохтар) баргузор гардид. Дар ин дидор дастаҳои "Сарбанд"-и шаҳри Левакант ва "Бешкент" - и ноҳияи Носири Хусрав ба майдон баромаданд.
Ба тамошои ин рақобати ҷолиб роҳбарону масъулон ва мухлисони сершумор ҳузур доштанд. Аз ҷумла, раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ, муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов, мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Саидзода Ҳусейн, инчунин дигар намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва сокинони шаҳр иштирок намуда, дастаҳоро фаъолона дастгирӣ карданд.
Бозӣ дар фазои рақобати шадид ҷараён гирифта, ҳар ду даста талоши зиёд барои ба даст овардани ғалаба анҷом доданд. Бо вуҷуди ин, дастаи меҳмон — «Бешкент» — тавонист бартарии худро нишон диҳад ва бо истифода аз имкониятҳои муносиб ду маротиба дарвозаи ҳарифро рахна намояд.
Дар натиҷа, вохӯрӣ бо ҳисоби 2 бар 0 ба фоидаи дастаи «Бешкент»-и ноҳияи Носири Хусрав анҷом ёфт. Ин пирӯзӣ оғози хубе барои меҳмонон дар мавсими нав арзёбӣ мегардад.
Қобили зикр аст, ки баргузории чунин мусобиқаҳо барои рушди футбол дар минтақа, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ миёни дастаҳо аҳамияти калон дорад.