15-уми апрел, дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии таълимии ЛКСК Леваканти ДБССТ маҷлиси ҷамъбастии семоҳаи аввали соли 2026 оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Левакант баргузор гардид. Дар кори маҷлис раиси шаҳри Левакант Муминзода…
15-уми апрел, дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии таълимии ЛКСК Леваканти ДБССТ маҷлиси ҷамъбастии семоҳаи аввали соли 2026 оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Левакант баргузор гардид.
Дар кори маҷлис раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ, муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшарифзода Парвиз ва муовини сардори раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии МИҲД-и вилояти Хатлон Давлатов Маҳмадӣ низ ҳузур доштанд.
Ҳамчунин, дар маҷлис роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони шуъбаю бахшҳои марбутаи МИҲД-и шаҳр, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва намояндагони фаъолони маҳаллӣ иштирок карданд.
Маҷлисро раиси шаҳр Муминзода Мастура Табарӣ ифтитоҳ бахшида, меҳмонон ва иштирокчиёнро муаррифӣ намуд.
Сипас, доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳисоботи муовини аввали раиси шаҳр Чилазода Холмаҳмад бо таҳлилҳои амиқ шунида шуд. Дар ҳисобот нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ, раванди татбиқи барномаҳои давлатӣ, вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ ва дигар самтҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни маҷлис ба камбудиҳои ҷойдошта низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардида, аз ҷониби роҳбарони ташкилоту корхонаҳо ва шахсони масъул пурсиш ба амал оварда шуд. Таъкид гардид, ки барои бартараф намудани мушкилоти мавҷуда тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
Дар фарҷом, вобаста ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ислоҳи камбудиҳо ба масъулон супоришҳои мушаххас дода шуда, иҷрои онҳо таҳти назорати қатъӣ қарор дода шуд.
Маҷлис бо муайян намудани вазифаҳои нав барои рушди минбаъдаи шаҳри Левакант ҷамъбаст гардид.