Вохӯрӣ бо сокинони деҳаи Баҳодурони ҷамоати деҳоти “Гулистон” дар бинои МТМУ №4 баргузор гардида, зимни он як қатор масъалаҳои муҳими рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз ҷумла, иштирокчиён ба таҳкими ҳамкории волидайн бо муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид карданд, ки танҳо бо ҳамкории зич миёни оила ва мактаб метавон ба тарбияи дурусти фарзандон ноил гардид. Ҳамзамон, масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва пешгирии шомилшавии онҳо ба равандҳои номатлуб, аз қабили терроризм ва экстремизм, мавриди муҳокима қарор дода шуданд.