13-уми апрел, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант таҳти раёсати раиси шаҳр Муминзода Мастура Табарӣ маҷлиси назоратӣ баргузор гардид, ки дар он рафти иҷрои супоришҳо ва вазъи соҳаҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ…
13-уми апрел, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант таҳти раёсати раиси шаҳр Муминзода Мастура Табарӣ маҷлиси назоратӣ баргузор гардид, ки дар он рафти иҷрои супоришҳо ва вазъи соҳаҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ мавриди баррасии амиқ қарор дода шуд.
Дар оғози машварат раиси шаҳр доир ба тағйироти кадрӣ иттилоъ дода, ба роҳбари навтаъини соҳаи молия дар шаҳр дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору муваффақият таманно намуд.
Сипас, масъалаҳои асосии рӯзномаи маҷлис мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, рафти иҷрои қисми даромади буҷет, ҷамъбасти нишондиҳандаҳои оморӣ дар семоҳаи аввали соли 2026, вазъи корҳои саҳроӣ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ, корҳои ободониву созандагӣ, рафти иҷроиши барномаи "Е-ХОНИШ", омодагӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ муҳокима гардиданд.
Раиси шаҳр фаъолияти Нозироти андоз ва Раёсати молияро мавриди таҳлил қарор дода, таъкид намуд, ки иҷрои нақшаи ҷамъоварии андоз дар сатҳи лозима ба роҳ монда шавад. Ҳамчунин, масъалаи бақияпулиҳои андоз нигаронкунанда арзёбӣ гардида, барои беҳтар намудани нишондиҳандаҳо супоришҳои мушаххас дода шуданд. Таъкид шуд, ки дар навбати аввал бояд пардохти саривақтии музди меҳнат ва нафақа таъмин карда шавад.
Дар самти омор ва иқтисод қайд гардид, ки дар як қатор соҳаҳо, аз ҷумла саноат (156,9%), савдои чакана (135,3%) ва хизматрасониҳои пулакӣ (то 148%) нишондиҳандаҳо назаррас мебошанд. Аммо, нишондодҳо дар бахши сохтмон нокифоя арзёбӣ шуда, аз масъулин сабабҳои қафомонӣ пурсида шуданд. Раиси шаҳр дастур дод, ки таҳлили ҳамаҷонибаи вазъ гузаронида шуда, чораҳои ислоҳӣ андешида шаванд.
Дар бахши кишоварзӣ, сарфи назар аз иҷрои 108-фоизаи истеҳсоли маҳсулот, вазъи кишти зироатҳои асосӣ, аз ҷумла картошка, сабзӣ, пиёз ва пахта, боиси нигаронӣ гардид. Маълум шуд, ки байни маълумоти пешниҳодшуда ва вазъи воқеӣ фарқиятҳои ҷиддӣ вуҷуд доранд. Раиси шаҳр ин ҳолатро сахт таъкид намуда, аз масъулин талаб кард, ки маълумоти дақиқ ва шаффоф пешниҳод намоянд. Ба Кумитаи идораи замин дар шаҳр ва бахши омор супориш дода шуд, ки ченаки дақиқи киштро таъмин намоянд ва рӯйхати хоҷагиҳое, ки нақшаро иҷро накардаанд, пешниҳод кунанд.
Ҳамзамон, масъалаи таъмини заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ, фаъолияти насосҳо ва омодагӣ ба мубориза бар зидди малах низ баррасӣ гардид. Таъкид шуд, ки ситоди махсуси шаҳрӣ фаъолияти худро пурзӯр намуда, ҷалби аҳолӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ин раванд таъмин карда шавад.