11-уми апрел, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар шоҳроҳи Левакант–Бохтар шанбегии умумишаҳрӣ баргузор гардид. Ин иқдоми муҳим бо мақсади беҳтар намудани ҳолати санитарӣ, ободонӣ ва зебо гардонидани муҳити шаҳр…
11-уми апрел, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар шоҳроҳи Левакант–Бохтар шанбегии умумишаҳрӣ баргузор гардид. Ин иқдоми муҳим бо мақсади беҳтар намудани ҳолати санитарӣ, ободонӣ ва зебо гардонидани муҳити шаҳр роҳандозӣ шуда, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои шаҳр дар он фаъолона иштирок намуданд.
Дар ҷараёни шанбегӣ иштирокчиён ба тоза намудани ду шафати роҳ, ҷамъоварии партовҳо, буридани алафҳои худрӯй ва ба тартиб даровардани муҳити атроф машғул шуданд.
Масъулини шаҳр изҳор доштанд, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандон нисбат ба муҳити зист ва нигоҳдории тозагӣ нақши муҳим мебозад. Таъкид гардид, ки шанбегиҳо дар оянда низ мунтазам баргузор шуда, барои боз ҳам ободу зебо гардидани Левакант мусоидат хоҳанд кард.
Иштирокчиёни шанбегӣ ин иқдомро ҳамчун нишонаи ҳамдилӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ арзёбӣ намуда, омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ ва созандагӣ изҳор доштанд.