10-уми апрел, дар Литсейи давлатии рақамии №2-и шаҳри Левакант чорабинии идонаи Наврӯзӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Ин ҷашни бошукӯҳ бо ташаббуси роҳбарияти муассиса роҳандозӣ шуда, бо иштироки фаъолонаи омӯзгорон, хонандагон ва ҷалби…
10-уми апрел, дар Литсейи давлатии рақамии №2-и шаҳри Левакант чорабинии идонаи Наврӯзӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Ин ҷашни бошукӯҳ бо ташаббуси роҳбарияти муассиса роҳандозӣ шуда, бо иштироки фаъолонаи омӯзгорон, хонандагон ва ҷалби волидайн фазои идонаро боз ҳам рангоранг намуд.
Дар чорабинии мазкур маъмурияти муассиса, омӯзгорону хонандагон, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, масъулини ҷамаоти шаҳраки «Сарбанд», масъулини бахши маориф ва сокинони маҳаллаи Обшорон иштирок намуда, аз барномаи фарҳангӣ ва намоишҳои ҷолиб баҳра бардоштанд. Ҳузури меҳмонони гуногун сатҳи чорабиниро боз ҳам баланд бардошта, ба он шукӯҳу шаҳомати хоса бахшид.
Қисмати асосии чорабинӣ намоиши анъанаҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангии тоҷиконро дар бар мегирифт. Хонандагон ва омӯзгорон бо омодагии ҷиддӣ дастовардҳои худ ва ҳунарҳои мардумиро пешкаши тамошобинон намуданд. Аз ҷумла, намоиши ҳунарҳои дастӣ, аз қабили гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, бофандагӣ ва дигар навъҳои санъати миллӣ диққати меҳмононро ба худ ҷалб кард. Инчунин, суфраҳои идонаи Наврӯзӣ бо ороиши зебо ва таомҳои миллии гуногун, аз ҷумла суманак, оши палав, кулчаву шириниҳо ба маъраз гузошта шуданд.
Гуштингирию бандкашӣ ва биҷилбозӣ аз бахшҳои вижжаи чорабинӣ буд, ки хонандагони муассиса бо гиромидошти анъанаҳои миллӣ ва завқи баланди идона бозиданду ҳунарнамоӣ карданд.
Барномаи фарҳангии чорабинӣ хеле рангин ва хотирмон буд. Хонандагон бо қироати шеърҳои наврӯзӣ, сурудхонӣ ва саҳначаҳои ҷолиб ҳозиринро шод гардониданд. Намоиши либосҳои миллӣ, ки гуногунрангӣ ва зебоии фарҳанги миллиро инъикос мекард, яке аз бахшҳои ҷолиби барнома ба шумор мерафт. Духтарон бо либосҳои чакан ва писарон бо сарулибоси миллӣ дар саҳна ҳунарнамоӣ намуда, ҳисси ифтихор аз фарҳанги миллӣ ва суннатҳои аҷдодиро тақвият доданд.
Рақсу таронаҳои дилнишин низ як бахши муҳими барномаи идонаро ташкил медоданд. Гурӯҳҳои рақсии хонандагон бо иҷрои рақсҳои миллӣ фазои идонаро боз ҳам гармтар карданд. Ҳар як баромад бо кафкӯбиҳои гарми тамошобинон истиқбол гирифта шуд.
Ҳамзамон, барномаи консертии рангин аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр пешкаш гардид. Ҳунармандон бо сурудҳои дилангез тавонистанд хотири ҳозиринро шод гардонанд ва рӯҳияи наврӯзиро тақвият бахшанд. Ин барнома ба чорабинӣ ранги тоза бахшида, онро боз ҳам хотирмонтар намуд.