4-уми апрел, бо ташаббуси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар яке аз мавзеъҳои зебои сайёҳиву истироҳатии шаҳри Левакант, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти «Ваҳдат», ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид. Дар…
4-уми апрел, бо ташаббуси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар яке аз мавзеъҳои зебои сайёҳиву истироҳатии шаҳри Левакант, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти «Ваҳдат», ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.
Дар ин чорабинии бошукӯҳ намояндагони Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, инчунин фаъолон ва аъзои ҳизб аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар иштирок намуданд. Ҳузури васеи меҳмонон ба чорабинӣ шукӯҳи хос бахшида, онро ба як ҷашни ҳақиқии миллӣ табдил дод.
Барномаи ҳамоиш бо намоиши расму оинҳои қадимаи наврӯзӣ, аз ҷумла оростани дастархони идона, пешниҳоди таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангӣ рангоранг гардонида шуд. Ҳунармандон ва санъаткорон бо суруд ва рақсҳои дилнишин табъи ҳозиринро болида сохта, фазои идонаро боз ҳам гармтар намуданд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни ниёгон рамзи эҳёи табиат, дӯстиву ҳамбастагӣ ва ваҳдати мардум мебошад. Иштирокчиён аҳамияти чунин чорабиниҳоро дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Ҳамоиши мазкур бори дигар аз шукӯҳи ҷашни Наврӯз ва эҳтироми мардум ба анъанаҳои миллӣ дарак дода, ҳамчун як рӯйдоди муҳимми сиёсӣ ва фарҳангӣ дар ҳаёти ҷомеа арзёбӣ гардид.