Дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7-и шаҳри Левакант сокинони деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти «Гулистон» ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд. Ин чорабинии идона бо иштироки васеи сокинон, фаъолон ва…
Дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7-и шаҳри Левакант сокинони деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти «Гулистон» ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд.
Ин чорабинии идона бо иштироки васеи сокинон, фаъолон ва намояндагони сохторҳои давлатӣ баргузор гардида, фазои идонаро дар шаҳр боз ҳам рангинтар сохт.
Дар баргузории ҷашни Наврӯз масъулини бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, инчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант иштирок намуда, ҳозиринро ба муносибати фарорасии Наврӯз самимона табрик гуфтанд. Онҳо зимни суханрониҳои худ аз аҳамияти таърихиву фарҳангии ин ҷашни бостонӣ ёдовар шуда, ба сокинон сулҳу осоиш, файзу баракат ва рӯзгори обод таманно намуданд.
Чорабинӣ бо оростани суфраҳои ҳафтсину ҳатшин оғоз гардид. Ҳамзамон, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла дастбофӣ, гулдӯзӣ ва дигар анъанаҳои миллӣ, таваҷҷуҳи меҳмононро ба худ ҷалб намуд.
Таомҳои гуногуни миллӣ, ки бо завқи хоса омода гардида буданд, фазои идонаро боз ҳам гармтар карданд. Баробари ин, баргузории бозиҳои варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони маҳаллӣ ба ҷашн шукӯҳи тоза бахшид.
Дар маҷмӯъ, таҷлили Наврӯз дар шаҳри Левакант бозгӯи эҳтироми мардум ба арзишҳои миллӣ ва суннатҳои ниёгон буда, ба таҳкими дӯстиву ҳамдилии сокинон мусоидат намуд.