eDavlat
Государственные символы
RU
TJ
RU
EN
Государственные органы
Загрузка…
Онлайн-чат
Открыть меню
RU
TJ
RU
EN
ОҒОЗИ КИШТИ ПАХТА ДАР ЛЕВАКАНТ: ДУРНАМО 1000 ГЕКТАР БАРОИ МАВСИМИ НАВ
Главная
More
Исполнительный орган государственной власти города Левакант
Новости
ОҒОЗИ КИШТИ ПАХТА ДАР ЛЕВАКАНТ: ДУРНАМО 1000 ГЕКТАР БАРОИ МАВСИМИ НАВ
Единый портал государственных услуг
7 апреля 2026
ОҒОЗИ КИШТИ ПАХТА ДАР ЛЕВАКАНТ: ДУРНАМО 1000 ГЕКТАР БАРОИ МАВСИМИ НАВ
31-уми март, мувофиқи нақшаи пешбинишуда, дар шаҳри Левакант маъракаи кишти пахта расман оғоз гардид. Хоҷагии деҳқонии «Зарзамини Левакант» яке аз аввалинҳо шуда, ба кишти пунбадона шурӯъ намуд ва ба ин васила ба оғози фаъоли мавсими пахтакорӣ…
31-уми март, мувофиқи нақшаи пешбинишуда, дар шаҳри Левакант маъракаи кишти пахта расман оғоз гардид. Хоҷагии деҳқонии «Зарзамини Левакант» яке аз аввалинҳо шуда, ба кишти пунбадона шурӯъ намуд ва ба ин васила ба оғози фаъоли мавсими пахтакорӣ замина гузошт.
Дар доираи ин маърака Раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ якҷо бо масъулини соҳаи кишоварзӣ ба ҷамоати деҳоти «Гулистон» ташриф оварда, аз рафти корҳои саҳроӣ дидан карданд. Зимни боздид ба раиси ҷамоат ва роҳбарони хоҷагиҳои пахтапарвар ҷиҳати дар муҳлатҳои муайян анҷом додани кишт, истифодаи тухмиҳои хушсифат, омодасозии замин ва риояи қоидаҳои зарурӣ дастуру тавсияҳои муфид дода шуданд.
Таъкид гардид, ки кишти саривақтии пахта ва истифодаи усулҳои муосири кишоварзӣ метавонад заминаи боэътимод барои ба даст овардани ҳосили фаровон гардад.
Ҳамзамон, масъулин зарурати истифодаи самараноки техникаи кишоварзӣ ва захираҳои мавҷударо муҳим арзёбӣ намуданд.
Бино ба иттилои масъулини соҳаи кишоварзии шаҳр, дар мавсими нави пахтакорӣ майдони умумии кишти пахта дар шаҳри Левакант ҳудуди 1000 гектарро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда аз ният ва талошҳои ҷиддии деҳқонон барои афзоиши истеҳсоли пахта ва рушди соҳаи кишоварзӣ дарак медиҳад.
Масъулин изҳори боварӣ карданд, ки бо саъю кӯшиши деҳқонон ва дастгирии пайвастаи давлат, мавсими имсола бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст хоҳад шуд