eDavlat
Государственные символы
RU
TJ
RU
EN
Государственные органы
Загрузка…
Онлайн-чат
Открыть меню
RU
TJ
RU
EN
Таҷлили бошукӯҳи Наврӯз дар СНБО Вахш дар шаҳри Левакант
Главная
More
Исполнительный орган государственной власти города Левакант
Новости
Таҷлили бошукӯҳи Наврӯз дар СНБО Вахш дар шаҳри Левакант
7 апреля 2026
Таҷлили бошукӯҳи Наврӯз дар СНБО Вахш дар шаҳри Левакант
31-уми март, роҳбарият ва кормандони СНБО Вахш дар шаҳри Левакант ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса ва дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намуданд. Ин ҷашни бостонӣ, ки рамзи эҳёи табиат ва оғози зиндагии нав маҳсуб меёбад, бо…
31-уми март, роҳбарият ва кормандони СНБО Вахш дар шаҳри Левакант ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса ва дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намуданд. Ин ҷашни бостонӣ, ки рамзи эҳёи табиат ва оғози зиндагии нав маҳсуб меёбад, бо рӯҳияи баланди идона ва иштироки фаъоли кормандон баргузор гардид.
Дар доираи чорабинӣ кормандони нерӯгоҳ анъанаҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумиро ба таври ҷолиб ба намоиш гузоштанд. Суфраҳои идонаи ҳафтсину ҳафтшин бо завқи баланд ороста шуда, таомҳои миллии тоҷикӣ пешкаши меҳмонон гардиданд. Ҳамчунин, маҳорати ҳунармандон дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла гулдӯзӣ, пухтупаз ва дигар ҳунарҳои суннатӣ диққати ҳозиринро ба худ ҷалб намуд.
Қисмати фарҳангии барнома низ хеле рангин ва хотирмон баргузор шуд. Бо иҷрои суруду таронаҳои дилнишин, қироати шеърҳо ва барномаҳои рақсӣ фазои идона боз ҳам гарму ҷаззоб гардид. Иштироки фаъолонаи кормандон дар бозиҳои варзишӣ ва фароғатӣ ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшида, рӯҳияи дӯстиву ҳамбастагиро тақвият дод.
Маъмурияти нерӯгоҳ, ҳамчунин меҳмонони дохилию хориҷӣ аз гӯшаҳои махсуси омоданамудаи кормандон дидан карда, ба сатҳи баланди ташкил ва мазмуннокии чорабинӣ баҳои баланд доданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи вижаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз манзури ҳозирин гардида, хотири иштирокчиёнро болида сохт. Таҷлили Наврӯз дар СНБО Вахш боз як намунаи арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои ниёгон арзёбӣ гардид.
Единый портал государственных услуг