28-уми март, дар шаҳри Левакант, бо ташаббуси ҷамоати шаҳраки «Сарбанд», дар деҳаи Нурафшон ва кӯчаи Боқӣ Раҳимзода чорабиниҳои идонаи Наврӯзӣ бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардиданд. Дар чорабиниҳои идона сокинони маҳаллӣ, намояндагони Ҳизби…
28-уми март, дар шаҳри Левакант, бо ташаббуси ҷамоати шаҳраки «Сарбанд», дар деҳаи Нурафшон ва кӯчаи Боқӣ Раҳимзода чорабиниҳои идонаи Наврӯзӣ бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардиданд.
Дар чорабиниҳои идона сокинони маҳаллӣ, намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар вилояти Хатлон ва шаҳри Левакант, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант фаъолона иштирок намуданд. Иштироки густурдаи мардум ва меҳмонон ба ҷашн ранги дигар бахшида, фазои дӯстиву ҳамдилӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ҳукмфармо буд.
Барномаи фарҳангии Наврӯзӣ бо намоиши расму ойинҳои қадимаи миллӣ оғоз гардида, дар он суннатҳои мардумӣ, аз ҷумла оростани дастархони ҳафтсин ва ҳафтшин, пухтани таомҳои миллӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ ба маъраз гузошта шуданд. Сокинон бо либосҳои миллӣ ҳузур ёфта, ҷашнро боз ҳам рангинтар намуданд.
Ҳамзамон, ҳунармандони маҳаллӣ бо суруду таронаҳои дилнишин ва рақсу бозиҳои халқӣ хотири ҳозиринро болида гардониданд. Барномаҳои консертӣ, саҳначаҳои шавқовар ва баромадҳои кӯдакону наврасон аз фарҳанги ғании миллати тоҷик дарак медоданд.
Зимни суханрониҳо намояндагони ҳокимияти давлатӣ ва ҲХДТ аҳамияти Наврӯзро ҳамчун ҷашни эҳёи табиат, дӯстӣ ва ваҳдати миллӣ таъкид намуда, сокинонро ба ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва таҳкими ҳамбастагӣ даъват карданд.
Қайд гардид, ки чунин чорабиниҳо барои боло бурдани рӯҳияи миллӣ, муаррифии фарҳанги аҷдодӣ ва таҳкими робитаҳои иҷтимоӣ миёни сокинон мусоидат менамоянд.
Дар маҷмӯъ, таҷлили Наврӯз дар ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардида, ба яке аз чорабиниҳои хотирмони баҳории шаҳри Левакант табдил ёфт.