28-уми март, дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Нақши калидии донистани забонҳои хориҷӣ дар таҳкими робитаҳои дипломатӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии…
28-уми март, дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Нақши калидии донистани забонҳои хориҷӣ дар таҳкими робитаҳои дипломатӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳон» баргузор гардид.
Қабл аз оғози қисми расмии чорабинӣ, роҳбарияти Донишкада ва меҳмонон аз синфхонаҳои таълимӣ, озмоишгоҳҳо ва марказҳои махсуси таълимӣ боздид ба амал оварданд. Меҳмонон ба сатҳи баланди омодагӣ ва ташкили муҳити таълимӣ баҳои баланд дода, ба масъулин барои фароҳам овардани шароити муосир изҳори сипос намуданд.
Қисмати расмии конфронс дар толори фарҳангии Донишкада баргузор гардид. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии ректори Донишкадаи байналмилалии Левакант, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Саидзода Саидмаҳмуд Сайдаҳмад оғоз ёфт. Мавсуф дар баромади худ аҳамияти омӯзиши забонҳои хориҷиро дар шароити ҷаҳонишавӣ таъкид намуда, онро омили муҳими рушди дипломатия, иқтисод ва сайёҳӣ арзёбӣ кард.
Дар идомаи конфронс як қатор олимону мутахассисон бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карданд. Аз ҷумла, профессори кафедраи забоншиносии муқоисавӣ ва тарҷумашиносӣ Турсунов Файёзҷон дар мавзӯи саҳми Пешвои миллат дар рушди забони давлатӣ ва тарҷума суханронӣ намуд. Ӯ таъкид кард, ки сиёсати забонӣ дар Тоҷикистон ба таҳкими ҳувияти миллӣ ва густариши равобити байналмилалӣ мусоидат мекунад.
Профессор Очилова Меҳринисо Илҳомовна ба масъалаи таъсири забонҳои хориҷӣ ба рушди дипломатияи иқтисодӣ дахл намуда, нақши забонҳоро дар ҷалби сармоя ва рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ муҳим арзёбӣ кард.
Ҳамчунин, дотсент Юсупов Шоҳин оид ба саҳми Пешвои миллат дар омӯзиш ва таҳқиқи таърихи забони тоҷикӣ ва тарғиби он дар сатҳи байналмилалӣ суханронӣ намуд.
Аз ҷумлаи маърӯзачиёни хориҷӣ, доктори илмҳои филология аз Донишгоҳи федералии Қазон Алсу Юнисовна дар мавзӯи равишҳои муосири истифодаи маводи аслии медиа дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ маърӯза пешниҳод намуд. Вай аҳамияти истифодаи манбаъҳои воқеиро дар баланд бардоштани малакаҳои забономӯзии донишҷӯён махсус зикр кард.
Инчунин, дотсенти Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд Ҳотамова Парвина таҷрибаҳои беҳтарини омодасозии донишҷӯёнро барои иштирок дар барномаҳои байналмилалии академӣ муаррифӣ намуд.
Дар фарҷоми конфронс байни иштирокчиён мубоҳисаҳои судманд сурат гирифта, масъалаҳои мубрами омӯзиши забонҳои хориҷӣ, такмили барномаҳои таълимӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Қайд гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои табодули таҷриба, рушди донишҳои илмӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангиву дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меорад.