Бо максади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории сил, дар шаҳри Левакант бо ташаббуси роҳбарияти муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ҳамбастагӣ бо Макази зидди бемории сил ва маркази ташаккули тарзи ҳаёти…
Бо максади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории сил, дар шаҳри Левакант бо ташаббуси роҳбарияти муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ҳамбастагӣ бо Макази зидди бемории сил ва маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, дар Бунгоҳи саломатии " Оқгазаи-2"-и ҷамоати деҳоти "Гулистон"шаҳри Левакант, 24-уми март, чорабинии муҳими тиббию маърифатӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ мутахассисони соҳа, аз ҷумла Раҳмонов Б.- роҳбари муассисаҳои КАТС, Эшахмедов Ш.- директори маркази зидди сил, Акрамова С.- директори маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Мирзоева Г. - мутахасиси бактериологии маркази зидди сил, Умарова Д.- таҳлилгари маркази сил, Давлатова О,- ҳамшираҳои ҳуҷраи сил, Холов О.- рентгенлабарант ва Авғонова М.- мудири бунгоҳи саломатӣ иштирок намуданд.
Дар доираи чорабинӣ ба аҳолӣ хизматрасониҳои тиббӣ ба таври ройгон пешниҳод гардид. Гузаронидани акси рентгении қафаси сина бо дастгоҳи портативии дорои технологияи зеҳни сунъӣ, гузаронидани санҷиши туберкулин (дохили пӯст), таҳлили балғам бо усули муосири GeneXpert, таъмини аҳолӣ бо зарфҳо барои ҷамъоварии балғам мавриди амал қарор гирифт.
Дар умум 106 нафар бо акси рентгенӣ фаро гирифта шуданд . 8 нафар ҳамчун гумонбар муайян гардида, 8 нафар аз санҷиши туберкулин гузаштанд ва ба 10 нафар зарф барои супоридани балғам дода шуд. Ҳамзамон, аз ҷониби мутахассисон ба аҳолӣ оид ба роҳҳои пешгирии бемории сил, аҳамияти ташхиси саривақтӣ, худдорӣ аз худмуолиҷа ва муроҷиати саривақти ба муассисаҳои тиббӣ корхои фаҳмондадиҳи гузаронида шуд. Инчунин, моҳият ва ҳадафи Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил шаҳр дода шуд а, маводҳои иттилоотю маърифатӣ ба иштирокчиён тақсим гардид. Бо вуҷуди он ки рӯз истироҳат буд, мутахассисон бо ҳисси баланди масъулият барои ҳифзи саломатии аҳолӣ хизмат расонида, як иқдоми хайрро амалӣ намуданд. Сокинони деҳа аз ин ташаббус изҳори қаноатмандӣ ва миннатдорӣ баён намуданд.