21-уми март, дар яке аз мавзеъҳои зебои шаҳри Левакант чорабинии бошукӯҳи наврӯзӣ бо ташаббуси Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин чорабинии идона масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии…
21-уми март, дар яке аз мавзеъҳои зебои шаҳри Левакант чорабинии бошукӯҳи наврӯзӣ бо ташаббуси Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин чорабинии идона масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, роҳбарият ва кормандони Агентӣ, инчунин намояндагони зерсохторҳои он аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо суханҳои табрикотии масъулини МИҲД-и шаҳри Левакант ва роҳбарияти Агентӣ оғоз гардида, иштирокдоронро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона шодбош гуфтанд. Зикр гардид, ки Наврӯз ҳамчун рамзи эҳёи табиат, дӯстӣ ва ҳамбастагӣ барои мардуми тоҷик аҳамияти бузурги фарҳангӣ дорад.
Дар идома меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои миллӣ, ки аз ҷониби зерсохторҳои Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати ҶТ ба маъраз гузошта шуда буданд, боздид намуданд. Дар ин намоишгоҳ намунаҳои ҳунарҳои дастӣ, таомҳои миллӣ ва расму оинҳои қадимӣ муаррифӣ гардиданд.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо барномаи рангини консертӣ идома ёфт. Ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Левакант бо иҷрои суруд ва рақсу таронаҳои дилнишин хотири ҳозиринро болида гардониданд. Ҳамзамон, иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар ба чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати бештар бахшид.
Дар баробари барномаи фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишии миллӣ низ баргузор гардиданд. Гуштини миллӣ, бандкашӣ ва дигар бозиҳои суннатӣ бо иштироки фаъолонаи ҷавонон доир шуда, фазои идонаро боз ҳам ҷолибтар намуданд.
Чорабинии наврӯзӣ дар шаҳри Левакант дар рӯҳияи баланд, ҳамдилӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ баргузор гардида, барои иштирокдорон хотироти нек ва фаромӯшнашаванда боқӣ гузошт.