Ҳамдиёрони азиз! Иди саиди Фитр ба ҳайси ҷашни расмии давлатӣ дар саросари кишвар таҷлил мегардад. Ин нишони эҳтирому қадршиносӣ нисбат ба таърих ва фарҳанги мардуми худ ва ҳамзамон арҷгузорӣ ба дини мубини Ислом ва арзишҳои волои умумибашарии он…
Иди саиди Фитр ба ҳайси ҷашни расмии давлатӣ дар саросари кишвар таҷлил мегардад. Ин нишони эҳтирому қадршиносӣ нисбат ба таърих ва фарҳанги мардуми худ ва ҳамзамон арҷгузорӣ ба дини мубини Ислом ва арзишҳои волои умумибашарии он мебошад.
Мардуми мо ин суннати мӯътабари исломиро ҳамчун рамзи эҳтирому арҷгузорӣ нисбат ба арзишҳои неки дини мубини Ислом истиқбол мегиранд.
Аз ин рӯ, ҳамаи сокинони Тоҷикистони азизро бо фарорасии ин рӯзи саид самимона табрику муборак гуфта, ба мардуми шарифи кишвар пеш аз ҳама сиҳату саломатӣ, умри дарози бобаракат ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоям.
Боиси қайд аст, ки маҳз бо шарофати сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мардуми мо ба дину ойинҳои аҷдодии худ ҳамчун сарчашмаи поки ахлоқиву маънавӣ рӯ оварда, ба суннату анъанаҳои дини мубини Ислом озодона арҷгузорӣ карда, маросиму суннатҳои миллиамонро дар иҳотаи аҳли хонавода, хешу ақрабо ва дӯстону ҳамсоягон таҷлил менамоянд.
Боиси қайд аст, ки ҳангоми оростани дастархони идона ба зиёдаравӣ ва риёкорӣ набояд роҳ дода шавад. Зеро дар дини мубини Ислом риёкорӣ ё худнамоӣ гуноҳи азим аст. Ҳар кори неке мекунем, бояд аз барои Худо бошад, на худнамоӣ ва исрофкорӣ. Дар ин рӯз аёдати беморон, дастгирии ятимон, зиёрати падару модар ба роҳ монда шавад — беҳтар аз худнамоиву риёкорист.
Фармудаҳои шариат дар мавриди рӯза — ин рукни муҳими бинои мусулмонӣ — гувоҳи онанд, ки таълимоти ислом саршори ғояҳои эҳсону накӯкорист, ҳусни муошират бо аҳли хонадон ва наздикону пайвандон, муомилаи нек бо ҳамсоягон, мурувват бо дӯстон ва ҳамкорон, раҳму шафқат ба беморону нотавонон, ёриву ғамхорӣ ба дармондагону бечорагон ва ёди хайр аз гузаштагон аст.
Боварӣ дорам, мардуми шарафманди Точикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ваҳдату ягонагӣ талош намуда, бо эълон гаштани «Соли вусъат додани корҳои ободиву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳӣ» ва таҷлили ҷашни бузурги миллӣ — «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои созандагиву бунёдкориро ба роҳ хоҳанд монд.
Моҳи шарифи Рамазонро хайрбод гуфта, тамоми сокинони Тоҷикистонро ба фарорасии Иди саиди Фитр муборакбод намуда, ба шумо имони комил, хушбахтиву некрӯзӣ, барору комёбиҳо дар роҳи худшиносиву худогоҳӣ, дар кору зиндагӣ дили шоду хонаи обод, бахту иқболи баланд, ваҳдату якпорчагӣ ва тинҷиву оромиро орзумандам.
Иди саиди Фитр муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!