Бо мақсади рушди дониш ва фарҳанги забони русӣ, баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ ва фарҳанги суханварии хонандагон, инчунин густариши дӯстиву ҳамкориҳои фарҳангӣ, дар муассисаҳои таълимии шаҳри Левакант даври шаҳрии Фестивали моҳвораи забони русӣ…
Бо мақсади рушди дониш ва фарҳанги забони русӣ, баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ ва фарҳанги суханварии хонандагон, инчунин густариши дӯстиву ҳамкориҳои фарҳангӣ, дар муассисаҳои таълимии шаҳри Левакант даври шаҳрии Фестивали моҳвораи забони русӣ бо иштироки мудири бахши маорифи шаҳри Левакант Раҳимзода Файзулло, ва масъулон аз бахши маориф мушовири фанни забони руссӣ Ниматуллоева Дилафрӯз, мудири кабинети дастурдиҳии бахши маориф Шарипов Искандар ва дигар намояндагон баргузор гардид. Дар чорабинӣ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр фаъолона иштирок намуда, донишу маҳорати худро дар самтҳои гуногун ба намоиш гузоштанд.
Дар рафти фестивал иштирокчиён бо қироати шеърҳои русӣ, иҷрои суруду барномаҳои фарҳангӣ, саҳначаҳои тарбиявию ҷолиб ва баромадҳои дуэтӣ ҳунару истеъдоди худро нишон доданд. Барномаҳои пешниҳодгардида дорои мазмуни тарбиявӣ буда, ба дӯстӣ, эҳтироми фарҳанг ва омӯзиши забонҳо равона гардида буд.
Ҳамзамон дар доираи чорабинӣ аз ҷониби муассисаҳои таълимии шаҳр намоишгоҳи корҳои эҷодӣ ва дастовардҳои таълимӣ ташкил карда шуд. Дар ин намоишгоҳ китобҳо, расмҳо, корҳои дастӣ, лавҳаҳои иттилоотӣ ва дигар маводҳои таълимӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд, ки таваҷҷуҳи меҳмонон ва иштирокчиёнро ҷалб намуданд.
Баромадҳои иштирокчиён аз ҷониби ҳайати ҳакамон, ки аз омӯзгорони соҳибтаҷриба ва мутахассисони соҳаи маориф иборат буданд, баҳогузорӣ гардид. Дар натиҷа беҳтарин иштирокчиён муайян гардида, бо ифтихорномаҳои бахши маорифи шаҳр сарфароз гардонида шуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан забони русӣ, мусоидат намуда, ҳамзамон ҷаҳонбинии онҳоро васеъ ва истеъдоди эҷодии онҳоро рушд медиҳад.